Низоми кории ҳайъати таҳририя

Submitted by admin on Mon, 01/15/2024 - 00:48

Маҷалла соли 2021 таъсис ёфтааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои маҷаллаи илмии тақризшаванда:

– таъмини инъикоси фаврии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, илмию амалии олимон, аспирантҳо, довталабон, магистрантҳо ва  олимону муҳаққиқони хориҷӣ дар соҳаҳои таърих, филология, педагогика, психология, филология, сотсиология, фарҳангшиносӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносӣ;

– тавсеаи хамкории байналмилалӣ дар ростои омўзиш ва густариши ақидаҳои нави илмӣ ва натиҷаҳои аслии таҳқиқот дар соҳаҳои таърих, филология, педагогика, психология, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва фарҳангшиносӣ;

– ба олимон фароҳамсозии имконот ҷиҳати интишори натиҷаҳои таҳқиқоти хеш дар соҳаи илмҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ;

– эҷоди фазои созгори илмӣ барои боло бурдани сифати тадқиқоти диссертатсионӣ;

– амалисозии ҳамкории мутақобил бо созмонҳову муассисаҳои ватанию хориҷӣ бо мақсади гирдоварӣ ва нашри мақолаҳои проблемавӣ оид ба масоили мубрами таърих, педагогика, психология, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносӣ;

– барқарор намудани робитаҳои илмӣ ва табодули назар байни муҳаққиқони минтақаҳои гуногуни кишвар, давлатҳои узви ИДМ ва  соири кишварҳои хориҷӣ;

– рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва иртиботи илмӣ дар соҳаи улуми инсонӣ ва иҷтимоӣ;

– тарғиби комёбиҳои асосии фаъолияти илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ;

– корбасти комёбиҳои илмӣ, аз ҷумла дар раванди таълим ва иҷрои ҳамкориҳои самарбахш бо дигар нашрияҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва созмонҳои журналистӣ дар чаҳорӯби қонуни матбуот. 

Маҷалла барои чопи мақолаҳои илмии олимон, докторантҳо, аспирантҳо, довталабони унвонҳои илмӣ, магистрантҳо ва ҳайати омӯзгорону профессорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои узви ИДМ ва соири мамолики хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Ин маҷаллаи илмӣ мақолаҳои дарбаргирандаи таҳлилу баррасии масоили мубрами илми муосир ва натиҷаҳои таҳқиқоти мутахассисони соҳаҳои таърих, филология, педагогика, психология, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиография ва иттилоотшиносиро мунташир хоҳад кард. Фаслҳои ҷудогонаи маҷалла ба таҳлилҳои илмӣ, тақризҳо ва маводи иттилоотӣ ихтисос хоҳад дошт.