Тартиби баррасии дастнавис
  
  
    
      
  
      
  
      
  
  
    
            - Ҳамаи мақолаҳои ба идора воридшуда қайд карда мешаванд. Ба онҳо рақами бақайдгирӣ гузошта мешавад.
 
	- Мақолаҳои барои чоп пешниҳодшуда аз ҷониби коршиносони соҳае, ки ба масъалаҳои тадқиқот шиносанд, баррасӣ карда мешаванд. Азназаргузаронӣ мувофиқи “Тартиби баррасии дастнависҳо” сурат мегирад.
 
	- Қарор оид ба чопи мақола дар маҷлиси ҳайати таҳририя қабул карда мешавад.
 
	- Муаллиф дар бораи қарори ҳайати таҳририя дар бораи қабули мақола ба чоп ё рад кардани он тавассути почтаи электронӣ хабардор карда мешавад.
 
	- Пас аз қабули қарори мусбӣ, муҳлати нашри мақола муайян карда мешавад.
 
	- Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд. Онҳо ба бойгонӣ интиқол дода мешаванд.