Оинномаи маҷаллаи илмии Паёми Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 05/05/2023 - 19:26

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллии
Тоҷикистон», ки минбаъд «Маҷалла» номида мешавад, фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», «Оинномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаҳои илму маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
1.2. Муассиси Маҷалла Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
1.3. Маҷалла шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун як сохтори Муассис (Китобхона) фаъолият мекунад.
1.4. Маҷалла номи худро дошта, дар ҳисоби тавозуни Муассис ҷойгир буда, таввасути суратҳисоби Муассис фаъолияти бонкии хешро ба роҳ мемонад.
1.5. Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар як сол 4 маротиба чоп мешавад.
1.6. Оиннома аз лаҳзаи аз ҷониби Муассис тасдиқ шуданаш эътибор пайдо мекунад.
1.7. Нишонии маҷалла: ш. Душанбе, хиёбони Теҳрон – 5.

2. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ

2.1. Самтҳои асосии фаъолияти маҷалла аз нуқтаҳои зерин иборат аст:
- ба ихтиёри хонанда гузоштани маводи чопии илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва махсусан маводи марбут ба китобшиносиву китобдорӣ;
- ба чоп расонидани мақолаҳои проблемавӣ роҷеъ ба масоили муҳимми илмҳои таърих, педагогика, равоншиносӣ, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоотшиносӣ;
- интишор намудани натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
- мусоидат ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмии олимони тоҷик;
- роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии мавод ва нашри он;
- таъмини дараҷаи баланди касбии мақолаҳои чопшаванда;
- объективона инъикос намудани ҳар як ҳодиса, воқеа, рўйдод ва рақаму далел;
- мусоидат ҷиҳати истифода аз эълону реклама ва шартномаи ҳамкорӣ барои фоидаовар шудани маҷалла.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МАҶАЛЛА

3.1. Мақсад – таҳия ва нашри маҷалла мувофиқи Оинномаи мазкур.
3.2. Вазифаҳои Маҷалла:
- саривақт омода ва интишор кардани маҷалла;
- таъмини сатҳи баланди касбии маводҳои нашршаванда;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ;
- нашри маводи илмӣ бо дарназардошти муқаррароти соҳавӣ;
- омўзиш ва тарғиби таҷрибаи муфиди китобдории ватанию хориҷӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон;
- роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо нашрияҳои дигар, иттифоқҳои эҷодӣ ва созмонҳои журналистон дар доираи муайяннамудаи қонуни матбуот.

4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МУАССИС

4.1 Муассис ҳуқуқ дорад:
- Оинномаи маҷалла, тағирот ва иловаҳои онро тасдиқ кунад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Оиннома фаъолияти маҷалларо боз дорад ё қатъ кунад;
- забон, мавзӯъ, ихтисос, даврият, ҳаҷми маҷалла, қаламрав ва шакли паҳнкунии онро муайян намуда, мутобиқати онҳоро бо маълумоти ҳангоми бақайдгирии маҷалла пешниҳодшуда назорат кунад.
4.2. Уҳдадориҳои Муассис:
- муқаррароти ин Оинномаро риоя кунад;
- ба фаъолияти касбии Ҳайати таҳририя дахолат накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур пешбинӣ намудааст;
- дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва маишӣ, фароҳам овардани шароити зарурии кор барои кормандони Маҷалла мусоидат намояд;
- ба ҳайати таҳририя маълумоти зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи Оинномаи мазкур пешниҳод намояд;
- кори маҷалларо тибқи шартнома бо дарназардошти дониши касбии кормандон ба роҳ монад;
- ходимонро ба воситаҳои техникӣ, аз ҷумла дастгоҳи суратгирӣ, диктофонҳо ва дигар таҷҳизоти барои иҷрои вазифаҳо зарур таъмин намояд ва шароити хуби корӣ муҳайё созад;
- ба ходимон аз рўи ҳиссагузориашон ба кори умумӣ, коэффиценти иштирокашон дар омодасозии маҷалла, ҳисси эҷодкориашон, кордониашон дар мувофиқа бо сардабир маош муайян намояд.
- ҳамчун намояндаи маҷалла дар ташкилотҳои дигар дар муносибат бо органу ташкилотҳои гуногун, чӣ дар дохили мамлакат ва хориҷа баромад намуда, манфиати онро ҳифз кунад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҶАЛЛА

5.1. Маҷалла ҳуқуқ дорад:
- фаъолияти худро дар доираи мавзӯъ, тахассус ва самтҳое, ки аз ҷониби Муассис тасдиқ шудааст, ба нақша гирад, масъалаҳои мундариҷа ва ороиши бадеии маҷалларо ҳал намояд;
- маводи аҳамияти назариявӣ ва амалидошта, ки дар сатҳи баланди илмӣ таълиф гардидааст, нашр намояд;
- иҷрои саривақтии ҳамаи равандҳои интишори маҷалларо таъмин намояд;
- мубодилаи васеи иттилооти илмӣ оид ба мавзўъҳои дар маҷалла воридшавандаро байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар таъмин намояд;
- аккредитатсияи журналистони худро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои ахбори омма" анҷом диҳад;
- бо муаллифон мувофиқи тартиби муқарраршуда муносибатҳои шартномавӣ ба роҳ монад;
- барои иҷрои вазифаҳои мушаххас кормандони эҷодӣ ва техникӣ, ки дар ҳайати таҳририя нестанд, ҷалб намояд.
5.2. Уҳдадориҳои маҷалла.
- ҳуқуқҳо (аз ҷумла ҳуқуқи муаллифӣ, нашрия, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ) ба асарҳои истифодашударо риоя намояд;
- саривақт баровардани шумораи маҷалларо дар сатҳи баланди полиграфӣ ва эҷодӣ мувофиқи муқаррароти соҳавии нашрия таъмин намояд;
- дар ҷамъоварии маълумот, баррасӣ ва омода кардани мавод барои чоп, санҷидани эътимоднокии мақолаҳои чопшаванда, таҳияи нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои нашрияҳо саҳм гирад;
- бақайдгирии маводро барои чоп мутобиқи талаботҳои стандартҳо, мушаххасоти техникӣ, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қарордодҳо бо муассисаҳои табъу нашр, иттиҳодияҳои паҳнкунандаи чоп ва дигар ташкилотҳо анҷом диҳад;
- бойгонии Маҷалларо бунёд, ҳифз ва нигоҳ дорад;
- бо хонандагон ва муаллифони маҷалла робита барпо намояд;
- тарҳрезӣ, таҳрири адабӣ ва илмии матнҳои ба чоп қабулшударо иҷро кунад;
- фаъолияти маҷалларо тавассути сомонаи интернетӣ ба намоиш гузошта, дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо силсилаи чорабиниҳо, аз қабили мизи мудаввар, конфронсҳо, вохӯриҳо бо хонандагон, рўйнамоиҳо (презентатсияҳо), озмунҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба баланд бардоштани нуфузи нашрия нигаронида шудаанд, ташкил намояд.

6. ИДОРАКУНИИ МАҶАЛЛА

6.1.Мақоми идоракунии маҷалла, ҳайати эҷодии маҷалла буда, барои 3 сол интихоб карда мешавад.
- маҷлисҳои он ҳар се моҳ як маротиба, дар зарурат ҳар моҳ гузаронида шуда, протокол карда мешавад.
- он метавонад бо қарори худ равияҳои нави амалиёти маҷалларо маълум намояд.
6.2. Ҳайати маҷалла аз сармуҳаррир, муовини сармуҳаррир, муҳаррири масъул, котиби масъул, муҳаррирон, муҳандиси нармафзор, мусаҳҳеҳ, муҳаррири ороиш, ҳуруфчинони компютерӣ, иборат мебошад.
6.3. Сармуҳаррир дар маҷлиси ҳайати эҷодӣ интихоб мегардад ва аз ҷониби ҳамин ҳайат аз кор озод карда мешавад.
6.3. Вазифа ва ҳуқуқҳои сармуҳаррир:
- ба тамоми фаъолияти маҷалла сарварӣ менамояд;
- дар маҳфил ва мақомоти расмӣ аз номи муассис баромад мекунад;
- нақшаҳои ҷорию дурнамои маҷалла ва иҷрои қарорҳои маҷлиси идораро таъмин менамояд;
- аз номи идора шартнома, созишномаҳоро мувофиқа бо Муассис имзо карда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
- барои дурустии ғоявии мақолаҳои чопшаванда дар асоси қонуни матбуот ҷавобгар аст;
- сармуҳаррир дар маҷлиси коллективи меҳнатӣ соле як маротиба оид ба фаъолияташ ҳисобот пешниҳод мекунад.

7. МУНОСИБАТҲОИ АМВОЛӢ ВА МОЛИЯВӢ
БАЙНИ МУАССИС ВА МАҶАЛЛА

- амволе, ки Идораи маҷалла истифода мебарад, қисми таркибии моликияти Муассис мебошад. Қарор дар бораи додани ин ё он амвол ба Идораи маҷалла аз ҷониби мақомоти идоракунии Муассис тибқи салоҳияти онҳо қабул карда мешавад;
- маблағеро, ки барои таҳия ва нашри Маҷалла зарур аст, аз ҷониби Муассис тибқи сметаи хароҷоти таҳрирӣ бо пешниҳоди сардабир ҷудо карда мешавад;
- фоидае, ки дар натиҷаи фаъолияти Маҷалла ба даст оварда мешавад, моликияти Муассис маҳсуб ёфта, аз ҷониби ў барои ҷуброни хароҷоти моддӣ барои истеҳсол ва нашри Маҷалла, пардохт ва нигоҳдории ҳатмӣ ва барои мақсадҳои дигар мутобиқи Оиннома ва ҳуҷҷатҳои Муассис истифода мешавад;
- аз кўмаки сарпарастон, маблағҳои хайрияи корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ ва ашхоси алоҳида бархўрдорӣ мекунад;
- бо созмону ташкилот ва муассисаҳои байналмилалӣ, муассисаву анҷуманҳои адабию фарҳангии мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, тавассути пешниҳоди бурсҳо (грантҳо) аз маблағи онҳо истифода мебарад;
- дар мавриди дарёфти арзи хориҷӣ дар мувофиқа бо Муассис дар муассисоти бонкӣ суратҳисоби асъори хориҷӣ мекушояд;
- дар ҳолатҳои лозимӣ барои ҳуқуқҳои худ, барои равшани андохтан ба ҳалли масъалаҳои ба он вобастабуда метавонад дар ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла суд, ҳакам (арбитраж) ва ғайраҳо ҳамчун даъвогар ва ё ҷавобгар баромад кунад.

8. БАРҲАМДИҲӢ

8.1. Барҳам додани маҷалла аз ҷониби Муассис дар сурати мақсаднок набудани он, пайдо нашудани воситаҳои молиявӣ ва ё аз ҷониби мақомоти судӣ дар сурати пайваста вайрон кардани қонунгузории ҷорӣ ва ё ҳамин Оиннома ба амал бароварда мешавад. Ҳангоми барҳамдиҳии маҷалла тамоми ҳуқуқҳои меҳнатие, ки қонун барои аз кор озодшудагон муқаррар кардааст, риоя мешаванд.