Тартиби баррасии дастнавис

Submitted by admin on Thu, 05/11/2023 - 10:01
  1. Ҳамаи мақолаҳои ба идора воридшуда қайд карда мешаванд. Ба онҳо рақами бақайдгирӣ гузошта мешавад.
  2. Мақолаҳои барои чоп пешниҳодшуда аз ҷониби коршиносони соҳае, ки ба масъалаҳои тадқиқот шиносанд, баррасӣ карда мешаванд. Азназаргузаронӣ мувофиқи “Тартиби баррасии дастнависҳо” сурат мегирад.
  3. Қарор оид ба чопи мақола дар маҷлиси ҳайати таҳририя қабул карда мешавад.
  4. Муаллиф дар бораи қарори ҳайати таҳририя дар бораи қабули мақола ба чоп ё рад кардани он тавассути почтаи электронӣ хабардор карда мешавад.
  5. Пас аз қабули қарори мусбӣ, муҳлати нашри мақола муайян карда мешавад.
  6. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд. Онҳо ба бойгонӣ интиқол дода мешаванд.