- Маҷалла мақолаҳои аслии мукаммали илмии дорои хусусияти назарӣ ва амалидошта, ки дар заминаи масъалаҳои таъхирнопазири соҳаҳои гуногуни таърих, педагогика, психология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва фанҳои ба онҳо алоқаманд анҷом дода шудаанд, барои чоп қабул мекунад.
- Маводҳои пешниҳодшуда бояд ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти китобхонаҳо, марказҳои библиографию иттилоотӣ, ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишварро ифшо кунанд.
- Маҷалла фақат маводҳои пештар чопнашударо нашр менамояд. Онҳо бояд корҳои тадқиқотии анҷомёфта бошанд, ки хулосаҳои онҳо боэътимод, асоснок ва ба далелҳо асос ёфтаанд.
- Мақола бояд бо услуби илмӣ навишта шуда, мафҳумҳои нави воридшуда таъриф дошта бошанд. Маводи мақола бояд ба низом дароварда шуда, сохтори возеҳ, заминаи далелҳо дошта бошад, хусусияти проблемавии масъалаҳои даркшударо ифшо намояд, роҳҳои ҳалли масъаларо аз рӯи натиҷаҳои дар таҳқиқот бадастомада нишон диҳад.
- Дар мақолаҳо бояд нишон дода шаванд:
– сарчашмаҳо (китобҳо, дастурҳо, захираҳои интернетӣ ва ғ.), ки асоси (истифодашуда) маводи пешниҳодшударо ташкил медиҳанд;
– муаллифоне, ки ғояҳо ва китобҳои онҳо дар маводҳои пешниҳодшуда инки-шоф дода шудаанд;
– ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [1, с.12]. Яъне, манбаи иқтибос адабиёти №1 ва саҳифаи 12-и он мебошад. - Мақолаҳо дар ҷаласаҳои ҳайати таҳририя мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
- Муҳлати баррасии мақола на камтар аз се моҳ аст.
- Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки дар мувофиқа бо муаллиф мазмуну мундариҷаи мақоларо таҳрир намояд.